- чин
- I[چين]1. асоси замони ҳозира аз феъли чидан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии чидашуда (гулчин, дастчин, таҳчин…) чинанда, ҷамъоваранда (суханчин, пахтачин…), ба худ гиранда, ҷаббанда (арақчин, обчин…)II[چين]1. шикан, баҳамкашидагӣ дар пӯсти рӯй, ожанг2. печ, гиреҳ, хаму тоб дар мӯй, абрӯ: чини зулф, чини абрӯ3. шикан ва қати либос: чинҳои курта; чин дар чин печ дар печ, хам андар хам; чин ба абрӯ овардан (фикандан) абрӯ ва пешонаро чиндор, ожангдор кардан, осори хашм ва норозигӣ зоҳир кардан; абрӯ чин кардан хашмгин шудан, ҳолати ғазаб ба худ гирифтан; чин ба абрӯ фитодан а) киноя аз андӯҳгин шудан, маҳзун гаштан; б) киноя аз пиру нотавон шудан; чин ба ҷабин хашмгин, ғазабнок; чин-чин чиндор, ожангдор, серожангIII[چين]1. сулолае аз подшоҳони Чин, ки солҳои 321-207 то мелод ҳукмфармоӣ кардаанд2. қисмате аз Осиёи Марказӣ дар ҳудуди байни кӯҳҳои Тиёншон, Олой ва Помир, ки Туркистони Шарқӣ ё Туркистони Чин номида мешуд ва музофоти Кошғар ва Хутанро дар бар мегирифт; вилояти Шинҷони (Синтсзяни) Хитои имрӯза; хоқони Чин номи умумии фармонравоёни Туркистони Шарқӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.